Дилам чу ғунча дар оғӯши офият танг аст

зи хоби нози серум чун гуҳари таҳ санг аст

наме тавон тарафи хубу зишти олам буд

Хушо табиати ойӣнае ки дар занг аст

Ба ҳастӣ аз асар нестӣ машав ғофил

Баҳори ҳодиса яксар шикастан ранг аст

Агар ту пой ба доман кашидае хуш бош

Ки ғунчаро нафас орамида дар чанг аст

Ба ин ду рӯза , намӯдӣ ки дар ҷаҳони дорбм

Нишони мо арақи шарму номи ман нанг аст

з ғунча хусбӣ авроқи гул тавон донист

Ки ҷои хоби фароғати дарин чаман танг аст

Баҳор кард хатати муфти ҷилва , шухии ноз

Таровати раги гули доми ъушрат ранг аст

Ба водӣӣ ки таҳайюри далели мақсади мост

зи ашк то ба чакидан ҳазор фарсанг аст

Назокати хати шӯхи ту дар назари дорбм

Ба чашми мо раги гули як қалами раг санг аст

Чу гуфтугӯ ба миён омад оштӣ бархест

Миёни кому забон низ дар сухан ҷанг аст

Ғубори улфати асбоби доми ғифлати мост

Тасаввури мижа бар софии нигаҳ занг аст

ЗҳрФи зуҳд ба майхона дам мазан бедил

Ки тори сбҳаҳи дарин базми хориҷ оҳанг аст