Бас ки сози ин бисоти ошуфтагиҳои дил аст
Бе шикасти шишаи умеди чироғон мушкил аст
Сайди маҷнӯни тинатон бе доми улфат мушкил аст
Ҳаркии бемори муҳаббати гашти сртои по дил аст
Чашми вокрдни кафили фурсат назора нест
Партави ин шамъи оғӯши видоъ маҳфил аст
Ваҳдату касрат чу ҷисму ҷон дар оғӯши ҳманд
Корвони рӯзу шабро дар дили ҳам манзил аст
Дар ғубори бедилони доми назокат чида анд
Кист дарёбад ки Лайлии пардаи дор маҳмил аст
Дида танҳо косаи дарюза дидор нест
Аз тапиш дар ҳар бен мӯем ҳуҷум соил аст
Донаи маҷнӯни сиришти мазраъи расвоӣам
Решаам гул кардани чоки гиребон дил аст
Ҳайрати ойӣна бо шухӣ намегардад бадал
Бе худ он ҷилваам таклифи ҳушам мушкил аст
Ҳеҷ мавҷӯдӣ ба арзи шавқи ноқис ҷилва нест
Зарраи ҳам дар рақси мавҳумӣ ки дорад комил аст
Бас ки ҳар узвами асрпрўрдаҳ бедод ӯст
Ранг агар дар хӯни ман ёбии ҳиноӣ қотил аст
Ғарқаи сад кулуфтам аз аҷзи ман ғофил мабош
Ҳар нафас каз синаам сар мекашад даст дил аст
Арзи найранги тапишҳои маро такрор нест
Ашк ҳар мижгон заданҳо ранги дигар бсмл аст
То ба бе дардии туоне соъатӣ осӯда зист
Бедил аз улфат тбро кун ки улфат қотил аст