Худо чу шамъ диҳад ҷуръати оби дидаи мо ро

Ки афканди таҳ погрдн кашида мо ро

Шаҳиди теғи тағофул бар остон ки нолад

Тазаллумии сет чу ашк аз назари чакидаи мо ро

Чаҳ дашт ва дар ки накардем қатъи дарпайии фурсат

Касе надоди суроғи оҳӯии рамидаи мо ро

Надоштем ба ваҳми он қадри димоғ тапидан

Ба бод дод нафас хок орамида мо ро

Ба инфеъол раседем аз фусуни таъаллуқ

Ба рух фиканд ҳаё доман начида мо ро

Магар ба маҳкамаи дил яқин шавад ҳақу ботил

Гувоҳ кист ҳадиси з худ шунида мо ро

Набарди ҳиммати кас аз талоши гӯии тасаллӣ

Бияфканед дар тани раҳи сари бурӣдаи мо ро

зи реша то ба самари сад ҳазор марҳала тай шуд

Ки кард ин ҳамаи қосид ба худ расидаи моро ?

Мижаи з ҳам нагушӯдем то чакад нами ашкӣ

Гудохт шарми рақами калаки шқи надидаи мо ро

Мабод то ба абад нолад ва хамӯш нагардад

Ба ёди шамъи мадаи субҳи нодамидаи мо ро

Муқӣми гӯшаи нақш қадам шавем вагарна

Дарака ҳалқа кунад пайкари хамидаи мо ро

Наҳуфтааст қазои сарнавишти маънии бедил

Рақам куҷост магари хати кашии ҷаридаи мо ро