Хандаам субҳӣ ба сад чок гиребон ошност
Гиряи сайлобӣ ба чандини дашт ва домон ошност
Сояамро ме тавон чун зулфи хубон шона кард
Бас ки табъи ман ба сад фикр парешон ошност
Дастам аз дил барнаме дорад гудози орзӯ
Сайл умрӣ шуд ки бо ин хона вайрон ошност
Аз фусуни носеҳон бар хеш май ларзам чу об
Як тани урёни ман бо сад зимистон ошност
Ҷаври ҳасану сабри ошиқ тавъам якдигаранд
Бо хаданг ӯ дили ман ҳамчу пайкон ошност
Дўргрди васлам аммо дар тамошогоҳи шавқ
Бо дилами тири нигоҳаш то ба мижгон ошност
Нестам огаҳ чаҳ гул май чинам аз боғи ҷунун
Ин қадар донам ки дастам бо гиребон ошност
Ҳечкас дар боргоҳи огаҳӣ мардӯд нест
Софии ойӣна бо габр ва мусулмон ошност
Ғарқи дили шӯ то ба асрори ҳақиқати ворасӣ
Қаъри ин дарёи ҳамин бо ғӯта хорон ошност
Мо ҷунуни корони зи тоқати як қалам бегона ем
Сахти ҷонӣ бо дил сброзмоён ошност
Базми васл ва ҳастӣ ошиқи хаёлӣ беш нест
Қатраи даст аз худ башу , ҳарчанд тӯфон ошност
Бедили ин маҳфили ниҳон дар гиря шамъасту бас
Доғи он захмам ки бо лабҳои хандон ошност