На ишқи сӯхта ва на ҳавас гудохта аст
Чу субҳи оинаи мо нафас гудохта аст
Саломати орзӯии водӣ раҳил мабош
Ки олимӣ ба фусуни ҷарас гудохта аст
Ба халқи сабқати асбоб пухтагӣ мафруш
Ки бештари самари пишрс гудохта аст
зи нақди доғи мукофоти хеш огаҳ нест
Димоғи шуъла ба ин хуш ки хас гудохта аст
зи инфеъол тиҳӣ нест лиззати дунё
Асал махоҳ ки ӣнҷои магас гудохта аст
Ғубори мушти пари мо ниёз дом кунед
Ки умрҳо ба ҳавои қафас гудохта аст
Тараҳҳумаст барони дил ки гоҳи арзу ниёз
з бе ниёзии фарёдрас гудохта аст
Магари шикаст ба фарёд дил расад вар на
Дароӣ маҳмили мақсади нафас гудохта аст
Тилисм ҳастӣ бедил ки маҳв ҳасрат ӯст
Чу нола ҳеҷ надорад зи бас гудохта аст