Гулдастаи назокати ҳасанат ки баста аст

Каз бори ҷилваи ранги баҳорат шикаста аст

Аз заъфи интизори ту дар дидаи терм

Сарриштаи нигоҳ чу мижгон гусаста аст

Ҳаргиз начидаем ҷузи ошуфтагии гулӣ

Сунбул ба боғи толеъи мо даста даста аст

Бе ҷилваи ту эй чамани орои интизор

Ҷавҳар ба чашми оинаи мижгон шикаста аст

Аз қатра то муҳӣти тасаллӣ суроғ нест

Осӯдагии зкшўрмо борбстаҳ аст

Аз санги барнаёмада зиндонӣ ҳавост

Ёрб шарори ман ба чаҳ умед ҷуста аст

Рангам чаҳ орзӯ шаканд каз шикасти дил

Дргўши ин шикаста садое нишаста аст

Бар нохуни ҳилоли фалак пурҳино мабанд

Рангиняш ба хӯни ҷигарҳои хаста аст

Бигузар зи доми ваҳм ки гулдастаи мурод

Бо риштаҳои тӯли амл кас набаста аст

Айш аз ҷаҳон махоҳ ки чун нолаи сапанд

Ин мурғи дркмин рамидан нишаста аст

Бедил хамӯш бош ки то лаби гушӯда Эй

Фурсат ба кисвати нафас аз дом ҷуста аст