Зиндагии нақд ҳазор озораст

Ҳарқадр кам шимурӣ бисёраст

Дили ҷамъӣ ки тавон гуфт куҷост

Ғунчаи ҳам як сар ва сад д саттораст

Ба шумори ман ва мо хурсандем

Чаҳ тавон кард нафас бекораст

Асари саъии кадом обила пост

Хори ин раҳи мижаи хўнборст

Хоксорони чаман хуррамӣ анд

Сабзау гул ба замин бисёраст

Ҳшни нодида тамошо дорад

Мижа бардоштанат девораст

Дар адам низ ғуборӣ дорад

Хоками ойӣнаи ҷўҳрдорст

Пеш по мехӯрам аз улфати дил

Бар нафас оина ноҳамвораст

Норасои қафас шиква кист

Хомшии пиҷш сад тӯмораст

Ғанҷаро хандау парвози яке сет

Боли мо дар гиреҳ минқораст

Чун ҷараси кош ба манзил нарасем

Нолаи мо з асар безораст

Мурдаи ҳам фикр қиёмат дорад

Орамидан чиқадр душвораст

Бедил аз санъат тақдир мапурс

Зулф ёрему шаб мо тораст