Шайх то азм бар намози шикаст
Сад вузӯ тоза карду бози шикаст
Сӯфии афканд бар замини мисвок
Ваҷди дандони ин гурози шикаст
Шубҳаи дарси тааммули ману тест
Ранги таҳқиқ аз имтиёзи шикаст
Айш сарбаста дошт хомӯшӣ
Лаб гушӯдани тилисми рози шикаст
Бар замини тохти ҳодисоти фалак
Ба нишеб омад аз фарози шикаст
Адаб омӯз буд вазъи сипеҳр
Гардани мо хами ниёзи шикаст
Дили хароби иъода дард аст
Шишаро ҳасрати гудози шикаст
Ноумедии калиди мтлбҳост
эй басо дар ки кард бози шикаст
Дастгоҳ он қадр набояд чид
Остинӣ ки шуд дарози шикаст
Мутриби ин надомат анҷуманем
Нағмаи мости аҷзу сози шикаст
Бедил аз пайкари хамидаи мо
Нотавонии кулоҳи нози шикаст