Фикри тадбири саломати хӯн роҳат хӯрданаст
Мо ҳама бечораему чора мо мурданаст
Субҳгар ҳангома нашаву намо бар чархи чид
Хоки моро ҳам бисотӣ бар ҳаво густурданаст
Бас ки дар боғи ҷаҳон тангаст ҷои инбисот
Ранг агар дорад пари парвоз дар пажмурданаст
Шишаи соғари сол ва ма надорад дам задан
Офияти ӣнҷои нафаси берун дил бишмурданаст
Тоси гардун ҳарчӣ оради муфт авҳомасту бас
Дар бисоти мо умед бохтан ҳам бурданаст
Муҳаррами баҳр аз шикаст қатра меларзад чу мавҷ
Хасми раҳмати зистани дилҳои халқ озурданаст
Ҷабҳаи баҳр аз арақ то ҳашар натавон ёфт пок
Зонқдри хушкӣ ки гавҳарро ғам афсурданаст
Имтиҳон дар ҳарчӣ кӯшад холӣ аз ташвиш нест
Бори машқи хомаи ҳам бар пушт нохун бурданаст
Бар тағофули зани зи ислоҳи шикасти кори дил
Мӯии чинӣ беш ва кам шоистаи нстрднст
Ҷуръати ифшои рози ишқи бедил саҳл нест
То чакад як ашки мижгонҳо ба хӯн афшурданаст