Шухӣ ки ҷаҳони гирди ҷунун назар ӯст
Аз оинаи токнҷи тағофул сафар ӯст
Тамкин чиқадр мунфаили тарз хиром аст
На қулзуми имкон , арақи як гуҳар ӯст
Девонау оқили ҳама маҳваст дар ӣнҷо
Аз ҳарчӣ хабар ёфтае бихбр ӯст
Ҳрчндкаҳи анқо , зи хаёли ту бурун аст
Ҳар ранг ки дорӣ ба назари нақш пар ӯст
эй гули чамани ҳайрати урёнӣ худ бош
Ин ҷомаи рангӣ ки ту дорӣ ба бар ӯст
Дили шефтаи дайр ва ҳарам шуд чаҳ тавон кард
Бунагии сети дарин нусха ки инҳо асар ӯст
Тимсол ба ғайр аз асари шахс чаҳ дорад
Хуш бош ки худро ту намӯдан ҳунар ӯст
Доранд ҳарифони хароботи ҳузураш
Ҷом май рангӣ ки парии шиша гар ӯст
Аз зоҳир ва мазҳар мафрушед тахайюл
Хуршеди қадам ончӣ надорад саҳар ӯст
Зин беш , айёри ман мавҳуми мгирид
Дастӣ ки ба худ ҳалқа кунам дркмр ӯст
Бедил магзар аз сари зонуии қаноат
Ин ҳалқа ба ҳарҷо зада бошӣ ба дар ӯст