Шаҳиди хандаи захмам ки теғ ҳамдам ӯст

Кабоби гулшани доғам ки шуъла шабнам ӯст

Шикори нози Ғаззолии сет , нотавони дили ман

Ки ранги даҳр ба фитроки баста Ром ӯст

Туро ба малик малоҳат сазад сулаймонӣ

Аз он нигини табассум ки ғунча хотам ӯст

Ба барқи теғи ту нозам ки дар баҳори хаёл

Ҳазор субҳи таҷаллии муқобил дам ӯст

Чаҳ мумкинаст ззлФти бурун тапидани дил

Ки ҳасани ҳам зи асирони ҳалқа хам ӯст

зи танагии дилам андеша метапад дар хӯн

Чигуна маҳшари ғам дар фазоӣ мубҳам ӯст

Баҳори хок ба ин рангу бӯ чаҳ имкон аст

Нафас дар оинаи мо ҳавоӣ олам ӯст

Шаҳиди теғ ки зини водии хароби гузашт

Ки шому субҳи ҳуҷуми ғубор мотам ӯст

Ҳавои улфати бегона машрабӣ дорем

Қарори мо талаб ӯ , нишоти мо ғам ӯст

Биҳишти хуррамии мости маҷмаъи имкон

Вале чаҳ суд ки шахси мурувват одам ӯст

Ба чашм кам мангар бедили стмздаҳ ро

Ки обрӯии муҳаббат ба дида нам ӯст