Олами тилисми ваҳшати чашм сиёҳ ӯст

То заррае ки май Ромад аз худ нигоҳ ӯст

Моиему посбонии хилвати сарои чашм

Беруни рӯ , эй нигоҳ ! ки ин хобгоҳ ӯст

Шабнам ба ним чашм задан ҷавҳар ҳавост

Озодаи бедилӣ ки ҳамон ашк оҳ ӯст

Битоби ишқ агар ҳамаи рег равон шавад

То сар баҷост обилаи по ба роҳ ӯст

Аз оҳу нола , дил ба ғалати пай наме барад

Зини дашт ҳарчӣ гирди برارد сипоҳ ӯст

Ҳайрати нигоҳи шавкати навмидии худам

Кин ҳафт арса , як каф бедастгоҳ ӯст

Дар водӣӣ ки ҳасрати мо , об ме хӯрд

Мавҷи нигоҳи ташна , ҳуҷум гиёҳ ӯст

Бо муҳаррамони аҷз , ҳаводис чаҳ ме кунад

Сарҳои ҷайби улфати мо дар паноҳ ӯст

Таҳи ҷуръаи шароб ғурурӣаст аҷзи мо

Ранги шикастаи сояи тараф кулоҳ ӯст

Дилдор то ту рафтае аз худ расида аст

Бедили гузаштанӣ ки ҳамин шоҳроҳ ӯст