Хати ҷабини мости ҳам оғӯши нақши по

Дорад ҳуҷуми саҷдаи мо ҷӯши нақши по

Роҳи адам ба саъии нафас қатъ ме кунем

Афкандаем бори худ аз дӯши нақши по

Ранҷи хумор то нарасад дар суроғи дӯст

Бастами сабуии обила бар дӯши нақши по

Чун ҷода то ба роҳи ризои сар ниҳода ем

Мавҷ гуласт бар сари мо ҷӯши нақши по

Сомони айш мо нашавад кам зи баъди марг

То мушти хоки мости қадаҳи нӯши нақши по

Моиему орзӯии ҷабини соеи дарӣ

Афсар чаҳ мекунад сари мадҳуши нақши по

Чашми асари надидаи зи рафтори мо нишон

Чун сояам хароби фаромӯши нақши по

Ҳар сар ки пухти деги хаёли ръўнтӣ

Пӯшедаши осмони таҳи сарпӯши нақши по

Мастона май хиромӣу тарсам ки дар раҳат

Бо ранг чеҳра ам биппарад ҳуши нақши по

Дар ҳар қадами зи шавқи хиром ту ме кашад

Хамёзаи фиғони лаби хомӯши нақши по

Гоҳ хиром мечакад аз пои нозукат

Ранги ҳино ба гармии оғӯши нақши по

Ранг банноем аз хат таслим рехтанд

Як ҷабҳа саҷдааст бару дӯши нақши по

Бедили зи ҷӯш обилаам дар раҳи талаб

ГўҳрФрўш шуд чу садафи гӯши нақши по