Масти ирфонро шароби дайгарӣ даркор нест
Ҷузи тавофи хеши даври соғарӣ даркор нест
Саъии парвозат чу буии гулгар аз худ рафтан аст
То шикаст ранг бошад шҳпрӣ дар кор нест
Сӯхтан чун шамъи авҷи пояи иқболи мост
Доғ мзўраст ӣнҷои ахтарӣ дар кор нест
Субҳро изҳори шабнами ханда дандон намост
Синаи чоки шавқро чашмтарӣ даркор нест
Хуфт втмкини ҳиҷоби нашъаи ворастагии сет
Баҳр агар бошӣ ҳубобу гавҳарӣ дар кор нест
Шонагар машшота зулфат набошад гӯ мабош
Дафтари ошуфтагиро мстрӣ дар кор нест
Оташи хуршедро набӯд кавокиби ҷузи сапанд
Ҳасан чун саршор бошад зеварӣ даркор нест
Шуълаҳо дар пардаи саъии ҷаҳон хобида аст
Гар нафаси сўздксии оташгарӣ даркор нест
Изтироби дили з ҳар мӯем чакидан ме кашад
Чун раги абри баҳорами нштрӣ дар кор нест
Олам аҷзаст ӣнҷои ҷоҳи кӯ , шавкати кадом
То туоне нола кун кару фарӣ дар кор нест
Хишти бунёди ту бар ҳам чидани мижгон бас аст
Дар тғоФлхонаҳ , бому манзарӣ даркор нест
Зуҳду тақвои ҳам хушаст аммо такаллуф бар тараф
Дарди дилро бандаам дардисарӣ дар кор нест
Ҳирс қонеъ нест бедил варна аз сози маош
Ончии мо даркор дорем аксарӣ дар кор нест