Ҳечкас ҷузи яъс , ғмхўори ман девона нест

Бар чароғи доғи ғайр аз сӯхтан парвона нест

Чашмаи доғӣ ба завқ сӯхтан ҷӯшида ам

Об чун хуршеди ғайр аз оташам дар хона нест

Кӣ шавад барқи нигаҳи доми шикастанҳои ашк

Рафтан аз хешаст ӣнҷои бозӣ тифлона нест

Шеваи маҷнӯни зи вазъи номдорон равшан аст

Санг бар саракӣ занад хотам агар девона нест

Умрҳо шуд дар хаёл нафй ҳастӣ сархушем

Бодаи мо ҷузи гудози шиша ва паймона нест

Ҳар нафаси фурсати паёми мужда дидор ӯст

Сад мижа бар хоби по бояд задан афсона нест

Дил ба андоз ғубори нола аз худ рафта аст

Решаи мо ҳарқадр бар хеш болад дона нест

Доғи найранги тағофули мшрбиҳои дилам

Олимӣ ноошно мегардад ва бегона нест

эй ҳуҷуми бихўдии раҳмӣ ки дар забти шуъӯр

Лағзиши вомондаи мо он қадр мастона нест

Бедили арбоби тамошо аз таҳайюри нгслнд

Чашмро ғайр аз нигаҳ пайдост шамъ хона нест