Тос ин нарад ихтиёрӣ нест
Ҳарчӣ оварад ихтиёрӣ нест
Бар ҳаво бастаанд маҳмили мо
Кӯшиши гирд ихтиёрӣ нест
Ҳамаи маҷбур ҳукм тақдирем
Кард ва нокард ихтиёрӣ нест
Аз баҳору хазони олами ранг
Сурх то зард ихтиёрӣ нест
Иттифоқи баландӣу пасту
Чун зану мард ихтиёрӣ нест
Маънӣ оварадаш омадӣ дорад
Ғазалу фард ихтиёрӣ нест
Инки бо бедилон наме ҷӯшӣ
эй дилати сард ихтиёрӣ нест
Гар висоласт вагар фироқ хушем
Чаҳ тавон кард ихтиёрӣ нест
Бедил аз шеванам магӯӣ ва мапурс
Нолаи дард ихтиёрӣ нест