То назар бар шухии ман наргис худком дошт

Чашмаи ойӣнаи мавҷи равған бодом дошт

Боди домонати ғуборамро парешон кард ва рафт

Серумаам дргўшаҳи чашми адам ором дошт

Олимиро сайд улфат кард ранги аҷзи ман

Дар шикасти хештани мушти ғуборам дом дошт

Пухтагӣ дар парда ранг хазоне бӯда аст

Миваам дар фикри сарсабзии хаёлӣ хом дошт

Ёди он шавқӣ ки аз битоқтиҳои талаб

Дил тапидан низ дар роҳат шморгом дошт

Аз адои абрӯяти лутфи нигаҳ фаҳмида ам

Ин камон , ранги фиреб аз равған бодом дошт

Гар наме буд орзўтшўиш ҷонкоҳӣ набӯд

Моҳёнро нашутур қуллоби ҳирс ком дошт

Ноларо рӯзӣ ки авҷи эътибори нашъа буд

Чун ҷарас , бедил ба ҷои бода , дил дарҷоам дошт