Шаб ки ҷӯши ҳасратӣ зон наргис худком дошт
Чашмаи ойӣнаи мавҷи равған бодом дошт
Ёди он шавқӣ ки аз битоқтиҳои ҷунун
Дил тапидан низ дар роҳати шумор гом дошт
Пухтагӣ дар пардаи ранги хзо не бӯда аст
Миваи ҳам дар фикри сарсабзии хаёлӣ хом дошт
Боди домонати ғуборамро парешон кард ва рафт
Серумае дар гӯшаи чашми адам ором дошт
Мисраи оҳи ман аз лаъли ту пар бебаҳра монад
Боби таҳсин гар набӯд аҳлят дашном дошт
Аз суроғи рафтагони ҷузи гуфтугӯ осор нест
Шахс ҳастӣ дар нигин бенишоне ном дошт
Чашм во кардему огоҳ аз фанои худ шудем
Чун шарари оғози мо ойӣна анҷом дошт
Олимиро сайд улфат кард ранги аҷзи ман
Дар шикасти хештани мушти ғуборам дом дошт
Айшҳо кардем то бар бод рафт аҷзои мо
Хонаи мо баъди вайронии ҳавоӣ бом дошт
Ноларо рӯзӣ ки авҷи эътибори нашъа буд
Чун ҷараси бедил ба ҷои бодаи дил дар ҷом дошт