Шаб ки товуси марои шавқи ту бол афшон дошт

Як ҷаҳони чашм ба ҳам брздн мижгон дошт

Ҳарчӣ ҷӯшед зи мавҷу кафи ин қулзуми ваҳм

Нафасӣ буд ки дар пардаи дил тӯфон дошт

Рамз бе рангии мо фош шуд аз шухии ранг

Шиша оварад буруни ончии парӣ пинҳон дошт

То з ҳастӣ асарӣ ҳаст муҳаббат расвост

Ҳурмати нола ба занҷир нафас натавон дошт

Ҳайрат аз шаш ҷиҳатам дар дил ойӣна гирифт

Варна ҳар мӯ ба танами сад мижаи бол афшон дошт

Охир аз аҷзи талаби ашки дўондим ба чашм

Пои хобидаи мо обила дар мижгон дошт

Ҳамаи ҷои дидаи ёқӯб ғборонгиз аст

ё раби иқлӣми муҳаббат чиқадр канъон дошт

Ҳеҷ равшан нашуд азҳстии мо ғайриҳиҷоб

Шахси тасвири ҳамин перҳан урён дошт

Оқибати кисвати маҷнӯн ба арақи гашти бадал

Фасли таъсири ҷунуни ин ҳама тобистон дошт

Танагии ҳавсилаи дори тарки алойиқи бедил

Ёдгрдӣ ки ба ҳам чидан ӯ домон дошт