Гул дар чаман раседу қадам бар ҳўогзошт

Ҷой дигар наёфт ки бар ранги погзошт

Таъмири ранги зи обу гул эътимод нест

Натавон баннои умр ба дӯш вафо гузошт

Умрии аи сети хоки ман ба сари ман фитода аст

Ин гирди доман ту надонам чаро гузошт

Вомонда ӣ қаламрави ёсам чу нақши по

Зини дашт ҳарки рафт маро бар қафо гузошт

Май хости фурсат аз шарари коғази интихоб

Ранг парида бар варақами нуқта ҳо гузошт

Рафтам зи хеш лек ба дӯши фитодагӣ

Бархестани ғубори маро беАсо гузошт

Ҳарҷо рӯй ғанимати як дам рафоқатем

Моро наме тавон ба умед бақо гузошт

Бо худ фитод кори ҷаҳон аз ғурури ишқ

Оҳи ин чаҳ зулм буд ки моро ба мо гузошт

Зини гардани заъиф ки борӣктар з мӯаст

Бояд сари бурӣда ба теғи қзогзошт

Онро ки ишқ аз ҳаваси ҳарзаи вохрид

Барад аз саги устихон ва ба пеш ҳумо гузошт

Бедили урӯҷи ҷоҳи хатаргоҳ лағзиш аст

Фаҳмида боядат ба лаби бом по гузошт