Ҳама кас кашида маҳмил ба ҷаноби кибриёят
Ману хиҷлати суҷудӣ ки нарехт гул ба поят
На ба хок дар бсўдм на ба сангаш озмудам
Ба куҷо барам сирриро ки накардаам фидоят
Нашавад хумори шабнам май ҷоми инфеъолам
Чу саҳар чаҳ мағз чӣанд сари холӣ аз ҳавоят
Тараби баҳори имкон ба чаҳ ҳасратами фиребад
Ба бар хаёл дорам гули рангӣ аз қабоят
Ҳаваси димоғи шоҳӣ чаҳ хаёл дорад ӣнҷо
Ба фалак фурӯ наёяд сари коса ӣ гадоят
Ба баҳори нуктаи созами зи биҳишт бе ниёзам
Чамани офарини нозам ба тасаввури лақоят
Натавон кашид домани зи ғубори мустамандон
Бхром ва нозҳо кун сари моу нақши поят
Нафас аз ту субҳи хирмани нигаҳ аз ту гул ба доман
Туе онкӣ дар бар ман тиҳӣ аз манаст ҷоят
зи висол беҳузурам ба паёми носбўрм
Чиқадр зи хеши даврам ки ба ман расад садоят
Нафаси ҳаваси хаёлон ба ҳазор нағма сарф аст
Сар дардисар надорам ман бедилу дуоят