Шуд лаби ширини адояш бо ман аз иброми талх
Аз тақозоӣ ҳавас кардам май ин ҷоми талх
Пухтагӣ дар табъи ноқис бедимоғ тӯҳмат аст
Дӯд меояд бурун аз чӯбҳои хоми талх
Имтидоди умри барад аз чашми мо завқи нигоҳ
Куҳнагӣ ҳо кард охири мағзи ин бодоми талх
Душман амнаст мавқеи ношиносии дам задан
Зиндагӣ бар худ макун чун мурғ бе ҳангоми талх
Ҳирси зар онгаҳ ҳаловати ихтироъ ваҳм кист
Комҳо дар ҷӯш сафро мешавад нокоми талх
Бесдоъӣ нест шӯҳратҳои иқболи ҷаҳон
Мавҷ чин зад бскаҳ шуд оби ақиқи Азноами талх
Ҷавҳар фитрат макун ботил ба тамҳиди ғараз
эй басои мадҳӣ ки шуд зини шева чун дашноми талх
Бскаҳ дорад табъи халқ аз ҳақи гузор ӣ инфеъол
Додан ҷон нест апнҷо чун адои воми талх
Интизори сайди матлаби сахти роҳат душман аст
Хоб натавон ёфт ҷуз дар дидаҳои доми талх
Гар зи идбор огаҳӣ бигузар зи иқболи ҳавас
Тарки оғоз ҳаловат нест чун анҷоми талх
намекунад бедили табассуми заҳри чашмашро алоҷ
Писта аш хоҳад намак зад гар шавад бодоми талх