Гар бе ту нигаҳро ба тамошо ҳавас афтод
Бар ҳарчӣ гушӯдам мижа дар дида хас афтод
Аз бахти сияҳ чора надорам чаҳ тавон кард
Чун зулф ба ошуфтагӣам дастрас афтод
Дар гиряи тнки моятар аз ман дгарӣ нест
Каз заъфи сиришкам ба шумор нафас афтод
То биксӣам қофилаи солор фиғон кард
Хӯн шуд дил ва чун ашки зи чашм ҷарас афтод
Шавқӣ ба шикасти дили ман маст хурӯш аст
Огаҳ неам ин шишаи зи даст чаҳ кас афтод
Аз офати таъҷил ҳазар кун ки дар ин боғ
Бар хоки нахустин самар пишрс афтод
Шуд айни ҳақиқат чу муҷозати з миён рафт
Ишқастгар оташ ба банноӣ ҳавас афтод
Чун шонаи раҳи мо ҳамаи печу хам зулф аст
Чандон ки қадам пеш ниҳодем пас афтод
Умрии сети пари афшон гулистон хаёлем
Ғам нест агар тоири мо дар қафас афтод
Асбоби ғубори нигаҳи ибрат мо нест
Дар дида оташ натавон гуфт хас афтод
Кулуфти макаш аз умр аёнаст чаҳ бошад
Сангинии борӣ ки ба дӯш нафас афтод
Бедили лаби он барги гул андом надорад
Шаҳдӣ ки тавонад ба хаёлаш магас афтод