Сайли ғамӣ ки дод ҷаҳон хароб дод

Хокам ба бод дод ба рангӣ ки об дод

Роҳати дарин бисоти ҷунун хез мушкиласт

Махмал агар шӯй натавон тан ба хоб дод

Ёрб чаҳ машрабам ки дарин шуълаи анҷуман

Гардун майам ба соғари ашк кабоб дод

Инаст агар шумори табу тоби зиндагӣ

Имрӯз ме тавон ба қиёмат ҳисоб дод

Бар мавҷи офатӣ ки умед канор нест

Тадбири рахти ӣнқадарам изтироб дод

Сустӣ чаҳ мумкин аст равад аз баннои умр

Натавон ба ҳпчи печу хами ин ришта тоб дод

Вақт тараҳҳумаст кунун эй насими субҳ

Кони шӯхи ихтиёр ба даст ниқоб дод

Сад навбаҳор хӯн шуд ва як ғунчаи ранги баст

То бӯсаи Рахши нози туро бар рикоб дод

Ёрб чаҳ саҳар кард хати анбарин ёр

Кзҷўии шаб ба мазраъи хуршед об дод

То май ба лаъл ӯ расад аз хеш рафта аст

Шабнам наме тавон ба каф офтоб дод

Анҷоми кори бодаи кашони ҷуз хумор нест

Хамёзаҳои ҷом майам ин шароб дод

Ббдли суоли чашм батонро тараф машав

Яъне ки серума ношуда бояд ҷавоб дод