Касе ки чун мижаи ибрати далел равшанаш уфтад
Ба хок то нигарад чашми хам ба гарданаш уфтад
Хушаст нози таҷарруд ба дида ҳо нафурӯшӣ
Хиҷолатаст ки исои назар ба сӯзанаш уфтад
Ғубори саъии маош он қадр махоҳ фароҳам
Ки инфеъоли табиат ба фикр рафтанаш уфтад
Дарин муҳӣт расад мавҷи мо ба мансаби гавҳар
Дамӣ ки навбати дандон ба дил фишурданаш уфтад
Ба хушк пора бисозед каз таматтуъи дунё
Гудоз шамъ хӯрд ҳаркии нон ба равғанаш уфтад
Карими дасти ниёзад ба поси нисбати ҳиммат
Мабодои чини сростин ба доманаш уфтад
Видоъи умри тариқи ҳароми ноз ту дорад
Қиёматаст агар чашми кас ба рафтанаш уфтад
Ба хоксории хешами амидҳост ки шояд
Ғалат ба серума кунад чун нигоҳ бар маниш уфтад
зи номи ҷоҳ ҳазар кун мабод нақши нигинаш
Ба нақб қабр кашад то ҳавас ба канданаш уфтад
Иродаи шиква дил нест лек решаи улфат
зи донае аи сет ки оташ ба соз хирманаш уфтад
Ба поси роз муҳаббат гудохт тоқати бедил
Ки то сар мижа ҷунбад ҷигар ба доманаш уфтад