Нафаси дарозии кас то ба чун ва чанд науфтад
Гиреҳ хушаст ки беруни ин каманд науфтад
Ҳаёст оинаи пардози ихтиёри таъаллуқ
Агар дил об нагардад нафас ба банд науфтад
Ръўнтаст ки чун шамъ мекашад таҳи поят
Ба сар науфтӣ агар гарданат баланд науфтад
Муруввати он ҳама аз чашм захм нест газандаш
Агар ба гӯши ҳаёи нола сапанд науфтад
Сафоҳатаст карам бе тамизи мавқеи эҳсон
Кушодаи дасту дили он ба ки ҳарза ханд науфтад
зи фикр кӣна надорад гзири тинати золим
Чаҳ мумкинаст ҳасад дар чаҳӣ ки кунад науфтад
Чу субҳи гирди ман аз доманати расида ба авҷӣ
Ки то абад агараш бар замин зананд науфтад
Мабод ком касе бе насиби лиззати маънӣ
Ту лаби гшо ки ҷаҳон чун магас ба қанд науфтад
Ба хоки роҳи ту афкандаам дилӣ ки надорам
Ниёз шарм кун ин ҷинс агар писанд науфтад
Гар эҳтиёҷ ба тӯфон диҳад ғубори ту бедил
Чу субҳ ба ки садо аз нафас баланд науфтад