Фиреб ҷоҳ махӯр то дили ту танг нагардад
Ки қатрае ба гуҳари норасида санг нагардад
Сафои ҷавҳари озодагии мусаллами табъӣ
Ки гирди оинаи дорони ном ва нанг нагардад
Димоғи ҷоҳи зи тағйири вазъ чора надорад
Ҳамон қадар ба баландии бро ки ранг нагардад
Ба поси суҳбати ёрон , зи шикваи забт нафас кун
Ки об , оинаи иттифоқ занг нагардад
Талоши кӣна кашӣ нест дар мизоҷи заъифон
Пари хазида ба болин , пар хаданг нагардад
Хаёли васли талабро мадаи паёми қиёмат
Ки қосид аз ғами даврии роҳ , ланг нагардад
зи доғдор муҳаббат махоҳ сустии паймон
Баҳор агар гузарад лола нимрнг гардад
Дилӣ ки кард нигоҳи ту Нақшбанди хаёлаш
Чаҳ мумкинаст нафас гар кашад фаранг нагардад
Ҳавас чаҳ сайд кунад ёрб аз кмингаҳи фурсат
Агар чаҳ коғаз оташ зада паланг нагардад
Ба ваҳми умр касеро ки зиндагии нФрибд
Кунад ба Хизри салому дучор банг нагардад
Ба кин халқ наҷӯшад адами сиришти ҳақиқат
Натиҷаи пари анқои хурӯс ҷанг нагардад
Ҷаҳон ранг надорад сари ҳалоки ту бедил
Кушоди чашм чу шамъат агар наҳанг нагардад