Бар дастгоҳи иқболи каси хира сар нагардад

Ин хат наметавон хонд то сафҳа барнагардад

эй хоҷа бе ниёзии мавқуфи хўдгдозии сет

Таскини ташнаи комии об гуҳар нагардад

Ҳайфаст мавҷ озод нозад ба қайди гавҳар

Беқадрдоне нест пое ки сар нагардад

Ваҳшат баҳор шавқем бебаргу сози асбоб

Парвози ранги ин боғи марҳӯн пар нагардад

Нанг вафост даъвӣ дар машраби муҳаббат

Чашмии баҳами расонид каз гиря тар нагардад

Таскини талаби ҷаҳонии масти ҷунуни навоеи сет

Лаб аз фиғон набандад не то шукр нагардад

Дар фикри чарху анҷуми ҷаҳди тағофули аввалии сет

То донаи ?ут ба ғарболи пар дар ба дар нагардад

Тхтҳқиқи нуқтаи дил аз илм ва фан мубаррост

Паргори ҳиммати ӣнҷои гирд ҳунар нагардад

Дар бихўдии наҳуфтаи сети буии баҳори васлаш

Давраст қосиди мо то ранг барнагардад

Ошӯби ғифлати мо зулмаст бар қиёмат

Ёрб шабӣ ки дорем нанг саҳар нагардад

Дар коргоҳи таслими кӯи иззат ва чаҳ хорӣ

Хуршед бениёзастгар хок зар нагардад

Ҳиммати дарин биёбони сарманзил қарин аст

Бедили ту дар талаб бош гӯи роҳ сар нагардад