Дар ин гулшани кадомин шуъла бо ин тоб ме гардад

Ки аз шабнам ба чашми лолау гул об ме гардад

Далели оҷизон бо дард дорад нисбати хосӣ

Ғурури саҷдаи моили сӯрат миҳроб ме гардад

Кафи хокистарӣ бар чеҳра дорад шуълаи шавқам

Чу қамарии ваҳшатам дар парда санҷоб ме гардад

Гудози омода кам фурсатӣ дар бар дилӣ дорам

Ки ҳамчун ашк то бепарда гардад об ме гардад

Ба кӯшиши решаеро ме тавон сози чаман кардан

Нафас аз пари заданҳо олам асбоб ме гардад

зи битобии чароғи хилват дил кардаам равшан

Таҷаллии фарши ин ойӣна аз симоб ме гардад

Гудозами обёри ҷилва маъшӯқ ме бошад

Каттон май сӯзаду хокистараш маҳтоб ме гардад

Ба урёнӣ баланд афтод аз баси муддаои ман

Гиребони ҳам ба дастам матлаб ноёб ме гардад

Ба тўФи баҳри раҳмат май барам хошоки исёнӣ

Ҳуҷуми ашк агар набӯд арақ сайлоб ме гардад

Қумош арз ҳастӣ тору пуд ғифлатӣ дорад

Ки чун махмал агар мижгони гушойӣ хоб ме гардад

Ба тамкин май расонади инфеъоли ҳарзаи ҷавлонӣ

Ҳавои эҷод шабнам мекунад чун об ме гардад

Ҷунунами даштро ҳамчашм дарё мекунад бедил

зи ҷӯши ашки ман то нақш погрдоб ме гардад