Гиреҳ ба риштаи нафаси хуши он ки набандад

Бабанд дил ба навой ҷаҳони чунон ки набандад

Нигоҳ то мижа бастан надорад онҳамаи фурсат

Гумон мабар дар найранги ин дукон ки набандад

Зкшти тафриқаи даҳри ҳосилӣ ки ту дорӣ

Чу тухми ашк аз он хӯша кун гумон ки набандад

Дубораи силсилаи иттифоқи ҳасану ҷавонӣ

Ҳазор бор намуданд имтиҳон ки набандад

Хаёли гардани озодагон , мусаввири фитрат

Агар ба хома диҳад тоби ресмон ки набандад

Ба завқ матлаб ноёб зиндааст ду олам

Ту ғофил аз адамии дил бар он миён ки набандад

Димоғи ноз ба ҳарҷост Нақшбанди ғурураш

Ҳино агар ҳама хӯнам диҳад нишон ки набандад

Баҳор низ ба ҳар ғунча бастааст дили ӣнҷо

Дар ин чаман чаҳ кунад булбули ошён ки набандад

Лаби шикоят агар во шавад ба васф хамӯшӣ

Чаҳ бирҳо ба ҳамон як ду барги пан ки набандад

Хаёл ҷуста анқост мисраӣ ки надорам

з маънӣам чаҳ кушояд касе ҷузи он ки набандад

Ҳамин каманди алойиқ ки бастаи чини Фсрдн

Тугар зи ваҳми броиӣ чаҳ нардбон ки набандад

Ҷаҳон ба серума гирифт иттифоқи маънии бедил

Ҳадиси ишқ чаҳ санъат кунад забон ки набандад