Гуҳӣ бар сар , гуҳӣ дар дил , гуҳӣ дар дида ҷо дорад

Ғубори роҳи ҷавлони ту бо ман корҳо дорад

Чу шамъ аз куштанам пинҳон нашуд доғи таманноят

Ба базми ҳасратам соз хамӯшӣ ҳам садо дорад

Мабод офати тмошохонаҳи гулзори ҳасрат ро

Ки онҷои рангҳои рафтаи ҳам рӯ бар қафо дорад

Дар ин водӣ ки қатъ улфатаст асбоби ҷамъият

Бинолад биксӣ бар ҳар ки чашм аз ошно дорад

Ки мегуяд ба он сайёди пайғоми гирифторон

Қафас бар тоири мо гарна роҳи нолаи водорад

Ба ин оворагеҳо гирдбоди дашти тавҳидам

Баннои ман ба гирди хубаши гардидан ба по дорад

Хаёлӣ мекунад шухии кадоми изҳор вкў ҳастӣ

Ҳануз ин нақшҳо дар хомаи наққош ҷо дорад

Шарар дар санг май рақсад , май андар ток ме ҷӯшад

Таҳайюр ришта созасту хомӯшӣ садо дорад

Баҳори анҷумани ваҳшии сет аз фурсат машав ғофил

Ки ъушрат дар шукуфтанҳои гули овоз по дорад

Ба андоз тағофули пеш бояд баради савдое

Ки ҷинси ҷилва урёнасту чашми мо ҳаё дорад

Ҳазар кун аз тамошогоҳи найранги ҷаҳони бедил

Ту табъи нозукии дорӣ ва ин гулшан ҳаво дорад