Навбаҳорасту ҷаҳони сайр чаманҳо дорад
Вазъи девонаи мо низ тамошо дорад
Дил агар соф шуд аз захми забон эмин бош
Домани оина аз хор чаҳ парво дорад
Асари нолаи ушшоқи з ҳар соз махоҳ
Ин навоеи сет ки дар пардаи дил ҷо дорад
Адаби ишқ агар монеъ шухӣ нашавад
Хоки мо марҳами носур сурайё дорад
Ҳечкас рамзи сувидои дил мо нишкофт
Нафаси сӯхтаи лола муаммо дорад
Олам аз ҳарзаи дуӣ ӣнҳама бар мо танг аст
Гирд могар шаканд доман саҳро дорад
Куфру дайни монеъи таҳқиқ нигоҳон нашавад
Сайл ҳар сўгзрди роҳ ба дарё дорад
Сад чамани лола вгл зад қадаҳи нозбаҳи санг
Қамарӣ аз сарви ҳамон гардан мино дорад
Ба тавоф дар дил кӯш ки ойӣнаи меҳр
Ҷавҳари бениш агар дорад аз онҷо дорад
Ваҳшати реги равони сайқали ин оина аст
Ки ба саҳрои ҷунуни обилаи ҳам по дорад
Мӯ ба мӯи ҳасрати найранги тамошои тўоим
Шамъ , сомони нигаҳ дар ҳама аъзо дорад
Бедил аз ҳайрати ойӣнаи мо ҳеҷ мапурс
Нашъаи ҷавҳари таҳқиқ асарҳо дорад