Дар ин водии каф ёе зи осоиш хабар дорад

Ки болинҳои нарми обила дар зер сар дорад

намегардад фурӯғи орияти шамъи раҳи мисатон

Ба наваз бодаи чашми ҷом , сомон назар дорад

Ба дил рӯ кун агар сарманзили амнии ҳаваси дорӣ

Нафас дар хонаи ойӣнаи оромӣ сафар дорад

Саломат нест сози дил , чаҳ дар саҳро , чаҳ дар манзил

Матоъи ранги мо сад корвони офат ба бар дорад

Мурӣди номро набӯд гзир аз хӯни дил хӯрдан

Нигини доими зи нақши хеши дандон бар ҷигар дорад

Кадомин дастгоҳ ойӣна нозаст дарё ро

Ки аз афсурдагиҳо хоки соҳили ҳам гуҳар дорад

Дўбиниҳост аммо дар шуҳуди ғайри аҳвал ро

Ба худгар май кушояди чашм аз ваҳдат хабар дорад

намедонам чаҳ ошӯбӣ ки дар базми тамошоят

Нагол аз мавҷи мижгон ҳар тарафи дастӣ ба сар дорад

Ба оҳӣ ме тавон рахти ҷаҳони хокистарӣ кардан

Ки гулханҳо ба сомонастгар дили як шарар дорад

Таҳайюри нақши найранги ду олами сӯхт дар чашмам

Чароғи хона ойӣнаам барқӣ дигар дорад

Ба ин бедаст ва пое кист гирди дастгири ман

Магар ҳамчун сапанд аз ҷои хешами нола бар дорад

Ҳубоб аз ҳайрат кам фурсатиҳои замони бедил

Нигоҳии ҷониби дарё ба пушти чашм тар дорад