На майли сайри гулшан на тақозоӣ чаман дорам

Ки дар бар сарви қадии лолаи рухи насрин бадан дорам

Қамар дорад ба сари сарви ману сарви чамани қамарӣ

Чаман дорад куҷо кӣ ин чунин сарвӣ ки ман дорам

Машомамро муаттар кардааст аз турраи мишкӣн

Дигар ҳоҷат на бар анбар на бар машк хутан дорам

Дили ин ошуфтаи ҳолеро аз он ошуфта мӯ дорад

Ман ин ширини каломиро аз он ширин даҳан дорам

зи ҳндстон дигар дар Форси норади корвони шукр

зи бас аз он лаби шкрФшон бар лаб сухан дорам

Бадв гуфтам ки ҳамчун Юсуфӣ аз ҳасан рух гуфт ӯ

Ба чоҳ афтод ва ман он чоҳро андар зқн дорам

Бигуфтам турраро дар печу тоби афкандае гуфто

Ба тадбири дили девонаи ?ути мишкӣн расан дорам

Вуҷӯдами он чунон пар гашта аз меҳрат ки пиндорӣ

На ман ҳастам биҷои худ туро дар перҳан дорам

Шунидам қимати як бӯса аз лаби ҷон ва дил кардӣ

Бидиҳ бустони зи ман кин ҳар дуро бар каф саман дорам

Биё соқӣ биовар май ба бонг раваду чангу не

Чаҳ бим аз орифу омӣ чаҳ бок аз мард ва зан дорам

Баланди иқбол агар гуяд ки аввали бода бар ман даҳ

Бидиҳ каз шавқ шеър ӯстгар ҷонӣ ба тан дорам