Парешон дар азал кардӣ ту аз гесуии худ мо ро

Хами азғм чун камон кардӣ ту аз абрӯии худ мо ро

Ба фирдавси барин моро дигар хоҳиш наме ояд

Кунӣ ҳамчун сегонгар посбон дар кӯии худ мо ро

Ба машки анбари Соро дигар ҳоҷат наме уфтад

Муаттар гар кунӣ аз буии мишкӣни мӯии худ мо ро

Дигар моро намебошад таманнои ҳеҷ бар кавсар

Ба ҷомӣ гар кунӣ сероб аз оби ҷӯии худ мо ро

Надорем орзӯи дигар ба васли ҳуру ғлмонӣ

Шабисозӣ агар ҳамрози ваҳми зонуии худмо ро

Дили моро зҷои кундӣ ба зӯру қудрати бозу

Таъолии аллоҳ чаҳ мамнӯн кардӣ азбозўии худ мо ро

Баланди иқбол аз он гаштами биҳамдиллоҳи волмнаҳ

Ки раҳ додӣ з рӯй фазлу эҳсони сӯии худ моро