Ба булбули чунин посух омад зи ток

Ки худро макун аз ғами дили ҳалок

Гулатро фурӯд оварам аз ғазаб

Кунам бахшиши ҷурмат аз ӯ талаб

Вале гул дилаш ҳаст нозуки басӣ

Надорад бидон нозукии дил касе

Кунун чораи кор бояд намӯд

Ки гул ояд азхшм шояд фурӯд

Чўмии байнами ин сони асири ғамӣ

Ба ҳоли тўсўзди дили ман ҳаме

Макаши оҳи воФғон аз ин бештар

Ки оҳат занад бар рагами нештар

Махӯр ғами шафиъ гуноҳат шавам

Ба дармондагиҳо паноҳат шавам

Чаро кас кунад корӣ аз ҷоҳилӣ

Ки бози оради охири пушаймони дилӣ

Агар кас кунад ҳоҷатиро раво

Равои ҳоҷаташро намояди худо

Вагар каси дилиро ба даст оварад

Ба дасти ончӣ дар даҳр ҳаст оварад

Дили озор кам шӯгар аҳли дилӣ

Дилиро маранҷон агар оқилӣ