На ҳар тоҷдорӣ буд шаҳриёр

Хурӯсони басӣ дидаам тоҷдор

На ҳар хусравии соҳиб афсар аст

На ҳар чиз ширин шавад шукр аст

На ҳар кас буд зобулӣ рустам аст

На ҳар кас ки тоӣӣ буд ҳотам аст

На мардаст дорои риши взкр

Ки ҳастанд дорои буз ва нараҳ хар

Ҳар ойинасозӣ на Искандар аст

Сазовор ҳар сари куҷо афсар аст

На ҳар кас ки маи талъати вмшки мўост

Тавон гуфт дилбар ки гӯйанд ӯст

Ки бочизи дигар буд дилбарӣ

Буд шева ӯ ба дасти парӣ

На ҳар ҷнгҷўӣӣаст пӯри пашанг

На пӯр пашангаст ҳар кас ба ҷанг

На андари қарн ҳар ки бад шуд Увайс

На ҳар омириро тавон гуфт Қайс

На ҳаркас ки хонанд ӯрои бузург

Тавон мяшро гирад аз чанги гург

Бузургии сазовори яздон буд

Ки буду вуҷӯди ҳамаи зи он буд