Ба гулшан шуд вазони боди хазонам

Шикасти афсӯси шохи арғавонам

Марои рухи сурхтар аз арғавон буд

Шуд аз ғами зардтар аз заъфаронам

Магари рўӣинаҳи тани Исфандиёрам

Ки аз шаш сӯ ҷаҳон шуд ҳафт хонам

Ҳанузам зиндагонӣ барқарор аст

Аҷаби сангини дилами баси сахти ҷонам

Чунон гардӣдаам зору парешон

Ки сар аз поу по аз сар надонам

Чунон коҳидаҳи ҷисмам аз ғаму дард

Ки худ аз ҳастӣ худ дар гумонам

Расад ҳар лаҳза аз дарди ҷудоӣ

Ба гӯши чархи бонги аломонм

На рӯз аз гиря ам дорад каси ором

На шаби касро баради хоб аз фиғонам

Гулистон чун шавад фасли зимистон

зи ҳолам чанд пурсӣ ончунонам

зи дарду ғуссаи ҷонам бар лаб омад

зи паии субҳи умедамро шаб омад