Дар ҳол ки ин ҳадиси дили сӯз
Бишунид зи боди он дили афрӯз
Дар ваии дами боди субҳ асар кард
Ноз аз сару кини зи дил ба дар кард
Омад ба тариқи меҳрбонӣ
Ёқӯти лабаш ба дирафшоне
Гуфт эй дами ту аниси ҷонҳо
Ваии буии ту роҳати равонҳо
Гуфтӣ суханони мушфиқона
Зад панди ту тир бар нишона
Лекини раҳи ишқ бехатар нест
Ҳар дил шудаи марди ин сафар нест
Онро ки висоли ёр бояд
Гар ҷавр кашад зи ёр шояд
Ошиқ ки на бурдбор бошад
Бо ошиқиаш чаҳ кор бошад
Ганҷӣаст висоли мо ва бе ранҷ
Касро нашавад муяссари ин ганҷ
Он ганҷи барад ки ранҷ барда аст
Он нӯш хӯрд ки неш хӯрда аст
Айбам чаҳ кунӣ ба тундхуе
Кинаст тариқи хуби рӯе
Хубони замонаро ҳамеша
Будаст ҷафоу ҷаври пеша
Бурданд ҳамеша ишқи бозон
Бедоду ситами зи дили навозон
Расмаст батон сими тан ро
КошФтаҳи дилони мумтаҳан ро
Аввал ба ҷафо биёзмоианд
Вонгаҳи з дар вафо даройанд
Ман ҳам ба ҷафоаш озмудам
Кардам ситам ва ғамаш фузудам
Дар роҳи талаб чу ин ҳаводор
Собит қадам омаду вафодор
Зини пеш агар ба кӣнаи ҷӯӣ
Гуфтам сухании зи тундхуе
Акнӯн зи сари ҷафои гузаштам
Тӯмори фироқи дрнўштм
Бархез агар чаҳ нотавонӣ
Ҷаҳдӣ бинмоӣ то туоне
Чун баст ба васли мо умедӣ
Аз васли маниши бабри навидӣ