Гӯ эй шудаи масти бодаи ишқ

ФрҳодсФти фитодаи ишқ

Хуш бош ва машав зи васли навмед

Дар ҳиҷр касе намонад ҷовид

Андӯҳи замонаро бақо нест

Ҳар дард ки ҳаст бедаво нест

Дар пои фироқ агар шудӣ паст

Омад гуҳи онкии гирмти даст

Бисёр ҷафо кашидӣ аз ман

Як рӯз вафо надидӣ аз ман

Ҳастанд марои басии ҳаводор

Лекин чу ту нест каси вафодор

Чандон ки ба ҷаврат озмудам

Бдмҳрӣ ва саркашӣ намудем

Аз ман ҳамаи тундӣу ҷафо буд

Аз ту ҳамаи ёрӣу вФобўд

Саҳласт ҷафоу ҷаври дилдор

Гар зонка буд умеди дидор

Дар қавл касе ки содиқ ояд

Дар роҳи вафо мувофиқ ояд

Бо ӯ зи раҳи вафоу ёрӣ

Шояд ки кунанд дӯстдорӣ

Чун дод насими субҳгоҳӣ

Бар сидқи ҳадиси ту гувоҳӣ

Мо низ ба васли сари дрорим

Вази пои ту хор ғам барорем

Чун ҳаст висоли мо муродат

Як рӯзи зи матлаъи саодат