Чун ёфт насим бе шикебаш
Шуд боз ба сӯии дили фиребаш
Дар сояи оннигор дили хоҳ
Шуд з омадани насими огоҳ
ӯро сӯии базм хештан хонд
Наздики худаш ба ноз бинишонад
Чун ғунча шуд аз насими хандон
Бикшод ақиқи гўҳроФшон
Аз бод ба баси киришмау ноз
Пурсед ки эй расӯли дами соз
Он ошиқи дардманд чун аст
Вон бе дили мустаманд чун аст
Дар ғуссаи ҳиҷри ҳол ӯ чист
Дар қиссаи шавқ муҳаррамаш кист
Зу бод чу ин ҳадис бишунид
Аз рӯй адаб замин бабўсед
Гуфт онкии асири меҳнати тест
Бе худ з май муҳаббати тест
Аз муждаи васли гашти дилшод
Вази банду бало ва ғам шуд озод
Лекин чу ҳадис сабр бишунид
Чун зулфи ту беқарор гардид
Шуд дар ғами ҳиҷру дарди даврӣ
Шӯридаи зи талхии сабурӣ
Ин қисса чу он бути дили овез
Бишунид ба бод гуфт бархез
Башитоб ва ба сӯй ӯ гузар кун
Ваз омадани маниши хбркн