Рӯй ту чашм хира кунад офтоб ро

Мӯии ту хӯн кунад ҷигари машки ноб ро

То моҳ дар ҳиҷоби хиҷолат фурӯ равад

Аз офтоб чеҳра барафкан ниқоб ро

Хуй бар гули изор ту монад бидон ки абр

Бар барги гули фишондаи зи шабнами гулоб ро

Кардам саволи бӯсаи ишорат ба ғамза гуфт :

Мо бандаем ғамзаи ҳозири ҷавоб ро

То доманат ғубор нагирад зи гирди роҳ

Бар хоки роҳ май занам аз дидаи об ро

Хоҳам ки бо хаёли ту шабҳо ба сар барам

Худ май баради хаёли ту аз дидаи хоб ро

Наргис ба даври чашми ту андар хумор монад

Дар сари зи ҷоми лаъл ту дорад шароб ро

Булбул ба нағмаҳои диловез бар чаман

Гуяд дуои хусрави молики рқоб ро

Ибни ҳисому даргаи давлати моби шоҳ

Ёрб халал мабод зи чархи он моб ро