Ниҳон ки мекунад ин дарди ошкораи мо
Ки рости чора ки аз даст рафт чораи мо
Ҳазор кӯҳи бало бар дилам фурӯд омад
Зиҳии таҳаммули сангини дил чу хораи мо
Нигор мо ба канор омад ва канора гирифт
Фиғони зи ҳасрати ин дард бе канораи мо
Ситораи хӯни бчконд ба чашм агар бинад
Ки дар муҳоқ ниҳон шуд рухи ситораи мо
Агар ба кӯҳ расад кӯҳи пора пора шавад
Ҳикояти ҷигари доғи пораи пораи мо
Агар шарора кашад оташи даруни дилам
Ба офтоби расонади зарари шарораи мо
Чаҳ қатраҳои сиришк чу шер хӯн олуд
Ки рехти дидаи мо баҳри ширхораи мо
Ҷигар ба хӯни дил олӯда кард қассобам
Чаҳ гӯшт буд ки овехт аз қнораҳи мо
Магар ки абрӯӣ ӯ дар назари маи нав буд
Ки ман бидидам ва ғоиб шуд аз назораи мо
зи раҳгузори амли беҳтар онкӣ бархезам
Ки бар ммри аҷал боз шуд гадораи мо
Ба ҷони ориятӣ дил мабанд ибни ҳисом
Ки мерасад зи ақаби соҳиби истиораи мо