Он сарви нози кӯ ки бабўсем пой ӯ

Равшан кунем дида ба хоки сарой ӯ

ӯ сари зи ноз хеш наёрад ба мо фурӯд

Мо чун бунафша сар биниҳода ба пой ӯ

ӯро ба ҷои мо ба ғалатгар касе буд

Моро касе набӯд ва набошад ба ҷой ӯ

ӯгар ҷафо ва ҷавр кунад бар дилам чаҳ бок

Мо дил ниҳодаем ба ҷавру ҷафоӣ ӯ

ӯгар ризои хотири моро нигаҳ надошт

Мо бандаем хотири моу ризоӣ ӯ

ӯгар гадои даргаи худро з дар баранд

Оё куҷо равад з дар ӯ гадоӣ ӯ

ӯ гулбунӣаст тозаи зи гулшани сарои ҷон

Ибни ҳисоми булбули дастони сарой ӯ