Аз наргиси хуши хоби ту дар айни сиёҳӣ
Моҳи рухи ту оинаи сунъи илоҳӣ
Савдо зада чашми ту сад ҷодӯии Бобул
Дар чоҳи занхдони ту сад Юсуфи чоҳӣ
Дар васфи ту ҳар кас ба тасаввур суханӣ гуфт
Авсофи камол ту нагуфтанд ки моҳӣ
Бахти ману зулфи ту маро карда парешон
эй бахти сиёҳ аз ман саргашта чаҳ хоҳӣ
Чун шамъ бисӯз ту ҳамеи коҳам ва пайдост
Зини ашки равони ману рухсораи коҳӣ
Аз гиряи ин дидаи хўнбори малулам
Тарсам ки зи чашмами бабради ранги сиёҳӣ
Гар маҳзари маншур ҷамолат бинмоӣанд
Хубони ҳама бар вай банависанд гувоҳӣ
Бо ибни ҳисом ар назари лутф ту бошад
Дар малики маъонии бунаади маснади шоҳӣ