Хаёли абрӯят ар саҷда мекунам пайваст

Хаёл каҷ наравад тини сари хаёли параст

Назар ба чашм ту гуфтам магар назар дорам

Хаёли чашми ту бар гӯша назар бинишаст

Саводи хомаи паргори гардиши қамарӣ

Чу хӯрдаи даҳанати нуқта хаёл набаст

Гирифт ғолияи гавани сунбули ту домани гул

Кашид зулфи ту маро чу моҳии андари шаст

Кадоми ҷон ки зи доғи муҳаббат ту насӯхт

Кадоми дил ки ба дарди ҷароҳати ту нахуст

Ба ноз агз биншинӣ чу гул ба паҳлавии сарв

Буд ҳар оина дар ҷанби эътидоли ту паст

з даст рафтам ва ҳеҷам зи даст бар номад

зи дасти рафтаи худро чаро нагирӣ даст

Чу дастҳо ҳама дар доман аноят ӯст

Бидор дасти маломати зи домани ман маст

Кунун ки наргиси махмури ҷоми зари бардошт

Биор бода ки ибни ҳисоми тавбаи шикаст