Қад чу сарви ту бар ҷӯйбори дидаи мост

Ғубори роҳи ту бар раҳгузори дидаи мост

Ба орзӯии лабат хӯн гирифт хонаи чашм

Хаёли лаъли ту гулшаннигор дидаи мост

Чу наргисӣ ки дамад бар канори чашмаи об

Саводи чашми ту дар чашмасор дидаи мост

Бало кашид дили вдидаҳи ихтиёр ту кард

Балои дили ҳама аз ихтиёри дидаи мост

Ба сарву лола чаҳ хуонеи марои зи боғи рахт

Қади ту сарву рахти лолаи зори дидаи мост

Бикушт чашми ту ибни ҳисомро гуфтам

Ба ғамза гуфт ки ин кори кори дидаи мост