Расми вафои зи ёр талаб мекунем ва нест

Ваз бе вафои канор талаб мекунем ва нест

Аз боғи рӯзгори гулии тоза бар мурод

Бе захми нӯки хор талаб мекунем ва нест

Ҷомӣ ки баъди азуи надиҳади дарди сари хумор

Дар ду рӯзгор талаб мекунем ва нест

Бӯеи зи атри турра анбар фишон ёр

Аз боди навбаҳор талаб мекунем ва нест

Сарвӣ ба эътидоли қади хуши хироми ёр

Бар тарафи ҷӯйбор талаб мекунем ва нест

Сад дидаро зи хок дараш чашм равшанӣ аст

Мо низ аз он ғубор талаб мекунем ва нест

Бисёр борҳост ки ибни ҳисом ро

Дар кӯии ёри бор талаб мекунем ва нест