Гар чашми ман ?иҷони ҷаҳон рӯй ту бинад
Ҳам сӯрат ва ҳам маънии ҷон рӯй ту бинад
Боди саҳарӣ чун гузарад бар варақи гул
Ҳар сафҳа ки равшантар аз он рӯй ту бинад
Ту рӯй мапуаш аз ман шайдо ки ним ман
Онкас ки бсди ваҳму гумон рӯй ту бинад
Хуршеди сифат рӯй ту пайдост бар онкў
Дар ҷумлаи зарроти ҳамон рӯй ту бинад
Аз ғояти шавқӣ ки буд ибни ямин ро
То дида ӯ ашк фишон рӯй ту бинад