Бо ҷамъ батон суҳбати сангин чаҳ хуш ояд
Дар гулшани зебо
Дар косаи зари бодаи рангин чаҳ хуш ояд
Ҳамчун гули раъно
Гар ёри зи рухи парда бар андохта бошад
Аз ғояти лутфаш
Ҷон бохтан аз ошиқи мискин чаҳ хуш ояд
Дар вақти тамошо
Дидани бҷмолӣ ки бааст аз гули сад барг
Аз рӯй латофат
Бо лолау насрину раёҳин чаҳ хуш ояд
Дар ҷониби саҳро
Лаъли лаби дилдори шробисти фараҳбахш
Дар майкадаи ишқ
Биҳуш аз он шарбати ширин чаҳ хуш ояд
Бе соғари саҳбо
Чун мардумаки дидаи ман холи рухи ёр
Он нуқтаи ҷонам
Дар ҳалқаи онтраҳи мишкӣн чаҳ хуш ояд
Ва он мояи савдо
Қатароти сиришкӣ ки саҳари дидаи мо рехт
Аз айни надомат
Партав зада бар чарх чу парвин чаҳ хуш ояд
Дар олами боло
Гар ёр кунад ноз кашад ибни ямин ро
Аз тундии хуй аш
Ва онҳам чаҳ накӯ бошад ӣнҳам чаҳ хуш ояд
Зон шӯхи длоро